Таъини ҷазои ҷарима барои бе қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Санаи 25 июни соли 2021 аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич,  9 августи соли 1999 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, муҷаррад, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи Ҷалолиддин Бобиев, хонаи берақам, бо қисми 1 моддаи 312 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич, рӯзи 2 июни соли 2021, тахминан соатҳои 06:50 дақиқа автомашинаи шахсиаш, тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами транзитии қайди давлатиаш С 86 67 Е07-ро дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ, бе рақами қайди давлатӣ идора кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон боздошт гардидааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор гардида, чунин нишондод додааст, ки дар воқеъ ӯ рӯзи 2 июни соли 2021, тахминан соатҳои 06:50 дақиқа автомашинаи худ, тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами транзитии қайди давлатиаш С 86 67 Е 07-ро, дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ, бе рақами қайди давлатӣ идора  намудааст.

Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш, боз бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводҳо ба пуррагӣ исбот гардидааст.

Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич аз ҷониби суд, бо қисми 1 моддаи 312 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ,  банду баст карда шудааст.

Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Зоиров Баҳромҷон Савзалиевич ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 312 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 60 (шаст) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.

 

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон танҳо бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.