Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла  қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.

Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст.

Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст.

Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

prezident.tj