РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА

Имрӯз дар ноҳияи Ёвон, бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 маросими “Рӯзи даъватшаванда” бо як шукуҳу шаҳомати хоса доир карда шуд.
Нахуст аз назди муҷассамаи “Модар” то назди Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов роҳпаймоии идона бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, муовинони раиси ноҳия, раиси суди ноҳия Абдуллозода Ҷамолиддин, дигар роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, сарбозону афсарон, даъватшавандагон, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникии ноҳия хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон ва ҷавонону сокинон баргузор гардид. Иштирокдорони раҳпаймоии идона дар даст шиору овезаҳо вобаста ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таъмини амнияти миллӣ ва шеъру сурудҳои ватандӯстона роҳпаймои намуданд.