Иштироки раиси суд Абдуллозода Ҷ.А. дар Иҷлосияи бистусеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон

Санаи 28 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Иҷлосияи бистусеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори Иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-сармутахассиси шуъбаи меъмори ва шаҳрсозӣ Файзализода Сайдалӣ, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин, дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ чаҳор масъала, аз ҷумла: Дар бораи рафти иҷрои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон. Ҳисоботи раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ Бобобеков Хусрав:Дархостҳои вакилии Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.