ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ДАР ЁВОН

Дар ноҳияи Ёвон, низ чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи баланди ташкилию омодаги баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, дигар роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарбозону афсарон, даъватшавандаҳо ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода баромад намуда, иброз намуданд: “Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ҷавононе, ки ба синни даъватӣ расидаанд, дар мавсими баҳории даъватшавандагон бо азму иродаи қавӣ бо мақсади адо намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст!”.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур раиси Шурои ҷанговарони байналмилал дар ноҳияи Ёвон Раҳимов Абдухолиқ, модари сарбози ихтиёрӣ, Воҳидова Моҳсафар, даъватшаванда Ҳомилов Ҷаҳонгир ва сархатиби ноҳия Раҷабов Эмомиддин суханрони намуда, барои хизмати минбаъда ба наваскарон далерию шуҷоӣ ва ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро адо намудан, баҳри ҳифзу якпорчагии Тоҷикистон азиз сина сипар намудан, барору комёбӣ таманно намуданд. Инчунин дар чорабини ҳамчун анъана маросими нонгазонии модарон доир карда шуд.

Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинии мазкур ба хотири болидаруҳии даъватшавандаҳо ва падару модарон барномаи фарҳангӣ омода карда шуда пешкаши ҳозирин гардонида шуд.