Машғулияти семинарии судяҳо дар шаҳри Бохтар

Санаи 29 марти соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаҳои вилояти Хатлон   машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки  раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғаффор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло Салим ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 4 нафар судя аз ҷумла:

 — Сатторзода С. судяи суди ноҳияи Кушониён дар мавзӯи «Омӯзиши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобҳои 50,51»;

 — Шерализода З. Хусусияти хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба худкушӣ расонидан (моддаи 109 КҶ ҶТ), аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан (моддаи 108 КҶ ҶТ), қасдан расонидани зарар ба саломатӣ (моддаҳои 110,111,112,117 КҶ ҶТ);

 —Назарзода Р.Ҳ. раиси суди шаҳри Деваканд ва Табарзода Қ. раиси суди ноҳияи Ховалинг дар мавзӯи «Тартиби баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 481 КҲМ ҶТ, риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ»;

 Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи марти соли 2024 гузаронида  шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. ҳамаи кормандон ва судяҳо барои омӯзиши ҳатмии забонхои хориҷии русӣ ва англисӣ таъкид карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва ҳалли мушкилотҳои дар таҷрибаи судӣ муайяншуда мусоидат хоҳад кард.