ПАЁМИ ПЕШВО ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

«Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобостагии зиёд дорад».

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳама вақт асоси пешрафти ҷомеа риояи қонуну қоидаҳои адолатноқу инсонпарвар аст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат вобастаанд. Барои расидан ба ин ҳадаф таҳкими маърифати ҳуқукӣ мавқеи калон дорад.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои инсониву миллии соҳибистиқлолии давлатамон арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари усулии Паёмро ташкил дод.

Дар баробари ин, Пешвои миллат зикр карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат, фаъолияти меҳварии ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати таъмини волоияти қонун мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Ҳамаи он барномаҳое дар масъалаҳои ислоҳотҳои судӣ — ҳуқуқӣ, ки то ин дам амалӣ гардиданд, барои такмили қонунузории Тоҷикистон муҳим буда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ тадбирҳои муҳиманд. Алҳол сатҳи таъминоти моддию техникии судҳо, таъминот бо мутахассисон, саривақт баррасӣ ва ҳал шудани парвандаҳои судӣ, қабули санадҳои қонунию асоснок ба талаботи ҷомеа ва замона як дараҷа ҷавобгу шудаанд. Дар баробари ин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бозомӯзии судяҳо, ки заминаи асосӣ ва кафолати самаранокии амалишавии адолати судӣ ва маърифати ҳукуқӣ мебошад хеле муҳим мебошад.

Дар робита ба ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таълим ва тарбияи ҳукуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Барнома қабул ва татбиқ гардида, Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030 қабул ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад. Фаъолияти босамари рукнҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дар ин самт боис гардид, ки сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳо тамоюли пастшавӣ дорад.

Маърифати ҳукуқии оммаро санадҳои меъёрии муҳим ва барномаҳои алоҳидаи ба ҳифзи ҳуқуқ бахшидашуда ҳама вақт тақвият медиҳанд ва пурра менамоянд. Яке аз вазифаҳои муҳими онҳо дар Соли маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани мавқеи ҳифзи ҳуқуқ ва маърифатнок намудани ҷавонон тавассути дар барномаҳои таълимии мактабу донишкадаҳои кишвар зиёд намудани омӯзиши фанҳои ҳуқуқ аст. Дар замони муосир бояд ҳар шахс, новобаста ба ихтисос ва касбу кор аз фанни ҳуқуқ огоҳии комил дошта бошад.

Тавассути матбуот ва бобати нашри дастурҳои адоҳида аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ҳифзи ҳуқуқ низомеро бояд ташкил намоем, ки шаҳрвандон дар доираи зарурӣ аз ҳуқуқҳояшон огоҳ карда шаванд. Дар ин раванд бояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои он ба омма дастрас бошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 гуё як ислоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардид.

Имсол сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 солагии қабули Конститутсияи давдати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиямонро бо тантана қайд менамоянд. Ин ҳуҷҷатест, ки тавассути он ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Ба шарафи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2023 қайд намудаанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Констутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои утувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳукуқӣ» эълон карда шавад».

Албатта, барои робитаи қавии ҷомеа ва давлат, таҳкими ватандӯстӣ, руҳияи созанда рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Агар маърифати ҳуқуқии омма баланд бошад, низому тартибот низ мустаҳкам мегардад. Мардум ҳар қар қадар аз қонун огоҳ бошад, онро хубтар риоя менамояд.

Дар ин раванд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28- уми декабри соли 2023 бармеоянд, фармони Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эьлон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти № 668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур қонунӣ намудани таҳкими сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тартиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эқтиром нисбат ба қонун ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ мебошад.

Суди вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои бандҳои Нақшаи кории Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон барои соли 2023, бо сокинон ва фаъолони вилояти Хатлон 378 маротиба вохӯриҳо гузаронида, мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба ин силсилаи суҳбатҳо бо кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дохил мешаванд.

Дар соли 2023 ҳамзамон аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ марбут ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷиноятҳои куштор, лату куб, ба худкушӣ расонидан, баҳсҳои вобаста ба замин, пешгирии вайроншавии оилаҳо, зуроварӣ дар оила, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбатҳо гузаронида шуда, дар радио 540 маротиба ва дар телевизион 405 маротиба суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, 350 адад мақолаҳо дар рӯзномаҳо ба чоп расонида шудаанд.

  Мақолаҳои судяҳои суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мунтазам дар нашрияҳои расмӣ ба монанди «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари Халк», «Хатлон» ва ғайраҳо нашр гардиданд.

        Ҳамзамон, вохӯриву суҳбатҳои судяҳои Суди вилояти Хатлон бо фаъолони шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон ва Хуросон баргузор гардиданд. Дар ин суҳбату воҳӯриҳо мавзуи асосӣ ба мардум расондани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷисистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзуъҳои мухталифи ҳуҳуқӣ суҳбату вохӯриҳо бештар гузаронида мешаванд. Тасмим гирифтаем, ки дар ин раванд ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешида шаванд.

Мо ба сазовор истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ торафт наздик мешавем. Вобаста ба ин, аз тарафи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Хатлон ба раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳо дода шудааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гарифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ монда, дар корҳои ободошш кишвар фаъолона иштирок намоянд.

Паёми имсолаи Пешвои муаззам бешубҳа, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беҳтарин ва самимитарин каломе буд, ки пешкаши мардуми мо шуд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ он гӯши одамонро навозиш кард, дар дилҳо эътимоду бовариро афзунтар намуд ва ҳиссиёти гуворои миннатпазириву шукронаро аз давлату давлатдории имрӯза тақвияти тоза бахшид.

Тамоми ҷумла ва ибораҳои Пешвои миллат дар бобати эҳтироми падару модар, бузргии зан, табиати биҳиштосои кишвари азизи мо, неруи ҷавонон, омӯзиши илму ҳунар, дастгирии ятимону камбағалон, нангу номус, ватандӯстӣ самимона ва пур аз ҳикмат буданд. Шунавандаро ба андеша намудан водор месохтанд, тарбия менамуданд. Тартиби ин каломи воло бешубҳа метавонад, ки ҷомеаро ором ва ҷиноятро кам намояд.

Бо ин мақсад як қатор парвандаҳои ҷиноятӣ, ба хусус парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), 307 иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)), 307 иловаи 4 (Ташкили таълим ё гуруҳи таълимии ҳусусияти динии экстремистидошта) ва 401 иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) вобаста буда, ҳамчунин бо моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ) дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд. Ин ҳам як намуди тарғиби қонун аст. Чунки шумораи зиёди одамон огоҳ мешаванд, ки ҷиноят беҷазо намемонад ва онҳое, ки фазои ороми зиндагиро халалдор кардани мешаванд, албатта ҷазо мебинанд.

Инчунин, судяҳои суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, инҷунин кормандони дастгоҳи судҳои вилоят баҳри барқарор намудани оилаҳо, ба хусус оилаҳои ҷавон, вобаста ба парвандаҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент ва маскун намудан дор манзилҳои истиқоматӣ, маҷлисҳои сайёри судӣ гузаронида, баҳри дар оянда кам шудани вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбир меандешанд. Ҳар як маҷлиси сайёри судӣ боиси таҳкими маърифати ҳукуқӣ мешавад. Ба ақидаи ман, ҳамчун ҳуқуқшинос, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 як иқдоми хеле шоиста мебошад. Ҷомеа ҳар қадар, аз ин маърифат баҳравар гардад, барои рушди давлати онҳо, барои пешрафти иқтисодиёти онҳо кумак менамояд. Дар ҳақиқат ҳам, одами соҳибмаърифат дар ҳама давру замон гули сари сабад аст ва ҷомеаро зебу зиннат мебахшад. Боз, мо агар ҳар қадаре аз маърифати ҳуқуқи баҳравар бошем, зиндагимонро бо низом медарорем.

Пешвои миллат мегӯянд: «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намеқунанд, рӯ ба таназзул меорад». Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа: тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд.

Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон (106- 64 пм): «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош». Файласуфи Юнони қадим Арасту (384-322 пм) ба маврид мегӯяд, ки «Инсоне, ки бадуни қонун ва адолат зиндагӣ кунад хатарноктарин ҷонвар аст».

Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ танҳо мазмуну моҳияти ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ, олиҳимматӣ ва ростиву адолат низ мебошад.

Аслан гирем, риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо вазифаи конститутсионии мост. Дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, Конститутсия ва қонунҳоро риоя қунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эьлон гардидани соли 2024 аз ҷониби раиси Суди вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст, дар он барои судяҳои Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин кормандони дастгоҳи судҳои вилоят вазифаҳои мушаххас муайян гардидаанд.

НУРИДДИН РАСУЛЗОДА

Раиси суди вилояти Хатлон