Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ боиси таъин гардидани ҷазои маъмурӣ

Мутобиқи банди 2 Дастурамали №168 “Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2009, таҳти №79 тасдиқ карда шудааст, пули миллӣ — «сомонӣ» воситаи ягона ва истисноии қонунии муомилот ва пардохти тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истифодаи асъори хориҳӣ дар муомилот ва ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истиснои ҳолатҳои зерин: агар фӯрушанда — пардохтгиранда иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро барои фурӯши мол, кор ё хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дорад. Иҷозати мазкур барои фурӯши мол танҳо ба мағозаҳои савдои бебоҷ дар фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои байналмилалӣ, хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиётии байналмилалӣ барои иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ба корхона ва идораҳое, ки фаъолияти онҳо хусусияти хосро доро мебошад (хизматрасонии консулӣ, ҳавопаймоӣ ва дигар), дода мешавад. Дар ин ҳолат, харидор — пардохткунанда, ҳуқуқи бо ихтиёри худ бо сомонӣ пардохтани арзиши мол (кор ё хизматрасонӣ)-ро дорад ва фурӯшанда набояд рад кунад, манъ аст.


Санаи 28 апрели соли 2021 аз ҷониби муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Иброҳимзода Ш.С. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Назаров Икромҷон Холович, 30 марти соли 1974 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, шаҳрвандаи Ҷумшурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 7 нафар фарзанд, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон,  Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи 20-солагии Конститутсия, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда,  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Назаров Икромҷон Холович санаи 12 апрели соли 2021 дар Бозори марказии ноҳияи Ёвон ба фаъолияти соҳибкорӣ, яъне ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст зада, ба шахси боварии кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон як адад либоси варзишии мардонаро ба маблағи 125 сомонӣ нарх гузошта, онро ба ивази 1000 рубли Федератсияи Россия фурӯхта, қурби асъори хориҷиро ба маблағи 148 сомонӣ ҳисоб намуда,  асъори хориҷиро аз Пиров М.А. гирифтааст, ки бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро вайрон кардааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Назаров Икромҷон Холович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда,  нишондоди худиқрорӣ намудааст.

Суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанд Назаров Икромҷон Холовичро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмури мазкур боз бо маводҳои парвандаи аз қабили, санад оиди гирифти далели шаъӣ, ки аз ҷониби кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон тартиб дода шудааст, аксҳои маблағи асъори миллию хориҷӣ ва далелҳои шайъӣ иборат аз: 2- адад купюраҳои 50 сомона, 4- адад купюраҳои 10 сомона, 1- адад тангаи 5 сомона ва 1- адад тангаи 3 сомона ва ғайраҳо ба пуррагӣ тасдиқ намудааст.

Аз ҷониби суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Назаров Икромҷон Холовичро бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш ҳангоми набудани аломати ҷиноят, банду баст карда шудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ки бори аввал аст, ки даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задааст, аз кардааш софдилона пушаймон аст, раванди таҳқиқи пешакӣ баҳри ошкор кардани кирдори содиркардааш ёрии бевоситаи худро расонидааст, шароити молиявии охиринро ба инобат гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда Назаров Икромҷон Холович бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои ҷарима ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2900 (дуҳазору нуҳсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда шуда, ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат аз: 2- адад купюраҳои 50 сомона, 4- адад купюраҳои 10 сомона, 1- адад тангаи 5 сомона ва 1- адад тангаи 3 сомона ба манфиати давлат мусодира гардидааст.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.