ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, ки дар бинои суди ноҳияи Ёвон ва толори маҷлисии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх баргузор гардид, парвандаи ҷиноятӣ нисбати истиқоматкунандаи деҳаи Роҳи Ленини Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ Қурбонзода Суҳроб Сангин, соли таваллудаш 10.05.1992 дида баромада шуд.
Суд муайян кард, ки судшаванда Қурбонзода Суҳроб Сангин санаи 07,01.2021 тахминан соатҳои 8-00 дақиқа воситаи нақлиёташро, ки тамғаи “Опел-вектра”, рақами қайди давлатиаш 28-75 ВН 03, ки дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирии таҳти силсилаи ХТ № 0627625 аз 02.07.2008 сол ҳангоми аз самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ бо роҳи мошингарди А.Ҷомӣ-Ёвон бо сурати 40 км/соат ба самти ноҳияи Ёвон ҳаракат намуда, ҳангоми расидан дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бар хилофи талаботи сархати 2 бандҳои 130 ва 131-и “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №323 аз 29.06.2017 сол тасдиқ шудааст ва мутобиқи он: “Ронанда ўҳдадор аст, ки ҳангоми интихоби суръати ҳаракат бояд маҳдудияти ҳаракатро дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоида муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ ба самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ў вазифадор аст, фавран чораҳо барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад. Суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати восиати нақлиётӣ барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд”. Вале судшаванда Қурбонзода Суҳроб Сангин талаботҳои Қоидаҳои дар боло зикршударо мадди назар карда, аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард ба самти муқобил баромада чаппа гаштааст, ки дар натиҷа мусофири дар дохили воситаи нақлиёт буда Бобошоева Гулрухсор Сангинмуродовна соли таваллудаш 23.09.1984 сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати Ситораи Сурх, деҳаи Фурқат ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бистарӣ мегардад.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ-тиббӣ таҳти №22 аз 11.02.2021 сол ҷароҳати бардоштаи Бобошоева Гулрухсор Сангимуродовна аз садамаи нақлиётӣ ба гурўҳи ҷароҳатҳои ҷисмонии дараҷаи “миёна” ба саломатӣ мансуб дониста мешавад.
Бинобар асосҳои дар боло зикршуда ва бо дастрасии моддаҳои 310,332-336,338-339,341-344,347-348-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард:
Қурбонзода Суҳроб Сангин дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима бо андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мўҳлати 1 (як) сол таъин карда шавад.
Ҳамин тавр Қурбонзода Суҳроб Сангин бо вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва беэҳтиётӣ сабабгори ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шахси дигар гардида, бар замми ин худ ҷарима супорида мўҳлати як сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардид.

Садирзода Рустам Суҳроб,
судяи суди ноҳияи Ёвон