Маркази матбуот Хабарҳо (Page 6)

Хабарҳо

Санаи 24 ноябр, дар ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ, ҳамоиши бошукӯҳ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор гардида, дар шаҳраки Ҳаёти Нав як бинои иловагии таълими дороӣ дорои 16 синфхона ва дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов 4 синфхонаи нави замонавӣ ва як пули мошингузар бо дарози 81 метр  ифтитоҳ карда […]
Санаи 21 ноябри соли 2023 дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид. Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи
Санаи 16 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Ёвон бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур сарравал раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. бо маърӯза баромад намуда, изҳор доштанд, ки 16-уми ноябр дар
Санаи 3 ноябри соли 2023 дар суди ноҳияи Ёвон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомади мазкур раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. баромад намуда, изҳор намуд, ки мусаллам аст, ки Конститутсия сарчашмаи қонунҳо буда, тамаддуни миллатро муаррифӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои соҳибихтиёру дунявӣ пас аз ба даст
Санаи 26 октябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Т.Хушвахтов, Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Сараввал  муовини раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Г. кормандон ва собиқадорони мақомоти судиро бо Рӯзи кормандони мақомоти судӣ аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ табрик намуда, изҳор намуданд, ки […]
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти судӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд, ки «давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақо-моти судӣ бовар кардааст».
Муҳтарам ҳамкасбон ва собиқадорони гиромӣ! Дар оғоз ҳамаи Шуморо бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона табрику таҳният намуда, дар ин кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихор барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям. Ҳозирини гиромӣ, саркарда аз соли 2018 ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи
Санаи 4 сентябри соли равон дар толори Суди ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бахшида ба фарорасии санаи таърихии 32-солагии Рўзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, муовини якуми раиси суд Ғанизода Фаррух,
Мирзо Турсунзода — шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ (19 апрели 1911-24 сентябри 1977) Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ […]
Санаи 14 августи соли 2023 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар оғоз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 ахборот пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки мақомоти судии кишвар […]