Табрикоти раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Муҳтарам ҳамкасбон ва собиқадорони гиромӣ!

Дар оғоз ҳамаи Шуморо бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона табрику таҳният намуда, дар ин кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихор барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Ҳозирини гиромӣ, саркарда аз соли 2018 ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад. Ҳокимияти судӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.

Аз ин хотир, мехоҳам диққати Шуморо ба таърихи инкишофёбӣ ва тақҳими ҳокимияти судӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мухтасар ҷалб намоям, ки ҳисобан аз се даҳсола иборат аст.

Даҳсолаи аввал ҳамчун ба даст овардани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба шумор меравад, зеро бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид, ки ин муқаррарот таҷассуми бевоситаи худро дар моддаи 9 Конститутсия ёфтааст. Ҳамзамон, дар ин давра бо мақсади ба низом даровардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо қабули он мақоми ҳуқуқии судяҳо мустаҳкам гашта, кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо тақвият ёфт. Дар ин давра, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ташкилӣ, яъне таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, аз ҷумла бо биною таҷҳизоти муосир таъмин намудани судҳо, зиёд гардидани воҳидҳои корӣ ва давра ба давра зиёд шудани музди меҳнати судяҳо тақвият бахшида шуд.

Дар давраи даҳсолаи дуюм, дар рушди низоми судӣ ба тақвияти механизмҳои ҳимояи судии ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар мурофиаи ҷиноятӣ бо қабул гардидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии нав, инчунин бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ тавассути роҳандозӣ гардидани силсила Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо таъсис ёфтани Маркази таълимии судяҳо ва ҷорӣ намудани институти коромӯз-судя аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

 Даҳсолаи сеюм бошад ба амалӣ намудани Ҳукумати электронӣ равона карда шуда, корҳо ҷиҳати гузариш ба коргузории рақамии суд идома дорад. Бо мақсади ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ гардонидани коргузории судҳои ҷумҳурӣ, санаи 25 июни соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳамзамон, бо мақсади идома додани ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани санадҳои байналмиллалӣ, Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 қабул гардид.

Ҳозири арҷманд!

Судҳои ҷумҳурӣ дар тӯли фаъолият, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат рисолати аслии худро сарбаландона иҷро намуда, ба яке аз рукнҳои боэътимод ва кафили таъминкунандаи волоияти қонун ва адолати судӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ санаи 21 ноябри соли 2019 изҳор доштанд, ки «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хело муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамоянд. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.Дахолат ба кори онҳо манъ аст».

Дар воқеъ дар ҷомеа афзудани эътимоду боварии мардум ба судҳо баёнгари он аст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар симои судяҳо ва кормандони суд ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои хеш ва таъминкунандаи қонунияту адолати судиро дида, баҳри ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои худ ва барқарорсозии адолати иҷтимоӣ ба судҳо муроҷиат менамоянд.

Мусаллам аст, ки дар солҳои аввали таъсисёбии ҳокимияти судӣ, бо вуҷуди мушкилоти вазъи сиёсӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, норасоии кадрҳо ва ҷой доштани камбудиву норасоиҳо, судяњо ва кормандони дастгоњи он тавонистанд вазифаи хешро содиқона иҷро намуда, масъулияти худро ба ҷой оранд.

Аз ин хотир, заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони мақомоти судиро дар солҳои душвору вазнини ҷанги шаҳрвандӣ наметавон фаромӯш сохт.

Дӯстони азиз!

Мо бо ифтихор номҳои аввалин раисони Суди ноњияи Ёвон аз қабили, Ҳомиддин Шарифов, Ҳазратқул Алимардонов, Нусратулло Садиров, Шодмон Ализода ва судяҳо Шермуҳаммад Шоҳиён, Рустам Мирзозода, Турахон Самадов, Зулайхо Арипова ва дигаронро, ки солњои тўлонї новобаста аз вазнинии шароит дар татбиќи адолати судї фаъолияти босамар анљом додаанд ва имрўз баъзе аз онҳо давлати пирӣ меронанд, боэҳтиром ба забон оварда, аз рисолати инсонии онҳо ба насли ҷавон ёдовар мешавем.

Бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони судї афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад.

Ҳамзамон, хизматҳои собиқ раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли Давлатов Убайдулло, Фатњиллоев Салимбой, Хоҷаев Избулло, Абдуллоев Нусратулло, инчунин раиси њозираи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён дар ташкили кор ва  фаъолияти минбаъдаи кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти кишварамон назаррас мебошанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, мо судяҳо ва кормандони судњоро зарур аст, ки минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намуда, дар барқарор кардани адолати судиву иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҳамкасбони азиз!

Бори дигар ин рўзи фархундаро ба шумо муборакбод гуфта, ба шумо саломатӣ, рўзгори нек, осмони софу беғубор, файзу баракати зиндагӣ ва дар кору фаъолияти масъулиятнок, барору комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин ҷашн изҳори сипос ва миннатдории самимии худро баён менамоям.

 Ташаккур ба диққататон!