Иштироки муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М. дар роҳпаймоии оммавӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ

Санаи 24 ноябр, дар ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ, ҳамоиши бошукӯҳ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор гардида, дар шаҳраки Ҳаёти Нав як бинои иловагии таълими дороӣ дорои 16 синфхона ва дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов 4 синфхонаи нави замонавӣ ва як пули мошингузар бо дарози 81 метр  ифтитоҳ карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои сазовор доданд.

Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  аҳли нишаст ва тамоми мардуми ноҳияро муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки расми парчамдорию парчамбардорӣ оини ниёгони шарафманти мо буда, имрӯз Парчами давлатии Ҷумурии Тоҷикистон халқи мамлакатро ба сйи рушд ва музафариятои тоза раҳнамоӣ мекунад.

Пас аз маҷлиси тантанавӣ аҳли ҳунари театри халқии ноҳияи Ёвон барномаи консертиеро таҳти унвони “Парчами ному нанги мо” манзури аҳли нишаст гардониданд.