Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Ёвон бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур сарравал раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. бо маърӯза баромад намуда, изҳор доштанд, ки 16-уми ноябр дар тақвими таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи муборак, таърихиву тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд. Дар ҳамин сана, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Зимнан, бояд гуфт, ки дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии давлати Тоҷикистон ба ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

 Аз ҳамин хотир, пас аз тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” (соли 2016) тайи шаш сол мешавад, ки дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бар асоси Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия буда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Аз дигар дидгоҳ, таҷлили ин рӯз ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Он рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин абармарди таърих аст, зеро ин ҷашни шукӯҳманд барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти зиёд буда, ба сурати табиӣ дар шинохти саҳеҳтари арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.

Аз нигоҳи сиёсӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ин институти давлатӣ ҷойгоҳи хосса касб намуда, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд. Аз ин хотир, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия, сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлоли миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устуворӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Дар идомаи конфронс муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А.В., котиби маҷлиси судӣ Гурезов О. ва иҷрочии калони Хадамоти иҷо дар ноҳияи Ёвон Муҳибуллозода У. вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд.

Ҳамзамон баргузор гардидани Конфронси мазкур тавассути барномаи Хабари телевизионии «Ҷаҳоннамо» пахш гардид.