Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Санаи 26 октябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Т.Хушвахтов, Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Сараввал  муовини раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Г. кормандон ва собиқадорони мақомоти судиро бо Рӯзи кормандони мақомоти судӣ аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ табрик намуда, изҳор намуданд, ки нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқӣ дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озоди-ҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, нишо-наи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Дар ин росто бояд қайд намоям, ки Шумо кормандони Суди ноҳияи Ёвон ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии меҳани азизамон низ сайъу талоши пурсамар карда истодаед.

Дар охир бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар Шумо кормандони мақомоти судӣ ва ҳозирини гиромиро ба муносибати иди касбӣ Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву иқболи баланд, саодату рӯзгори осударо орзӯ намуда, дар татбиқи пайкори созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

 Иди касбӣ муборак!

Дар идома раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. бо сухани табрикотӣ баромад намуда, изҳор намуданд, ки њамаи Шуморо бо иди касбї-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ самимона табрику таҳният намуда, дар ин кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихор барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Ҳозирини гиромӣ, саркарда аз соли 2018 ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад. Ҳокимияти судӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ќқайд карданд, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Аз ин рў, мо судяҳо ва кормандони судҳоро зарур аст, ки минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намуда, дар барқарор кардани адолати судиву иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҳамкасбони азиз!

Бори дигар ин рўзи фархундаро ба шумо муборакбод гуфта, ба шумо саломатӣ, рўзгори нек, осмони софу беғубор, файзу баракати зиндагӣ ва дар кору фаъолияти масъулиятнок, барору комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагони ин ҷашн изҳори сипос ва миннатдории самимии худро баён менамоям.