Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти судӣ,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд, ки «давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақо-моти судӣ бовар кардааст». Воқеан, Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шудааст ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари азизамон санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақо-моти судӣ табрику таҳният намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар кори пурмасъулияту бошарафонаатон барору комёбӣ ва комронӣ орзӯ менамоем.Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқӣ дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озоди-ҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, нишо-наи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Бо шарофати сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳокимияти судӣ мавқеи боз ҳам баландро сазовор гардида, кормандони ин соҳа дар таҳкими Истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар ин росто бояд қайд намоям, ки Шумо кормандони Суди ноҳияи Ёвон ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии меҳани азизамон низ сайъу талоши пурсамар карда истодаед.
Дар охир бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар Шумо кормандони мақомоти судӣ ва ҳозирини гиромиро ба муносибати иди касбӣ Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву иқболи баланд, саодату рӯзгори осударо орзӯ намуда, дар татбиқи пайкори созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
Умед дорам, ки шумо дар оянда дар таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озо-диҳои инсону шаҳрванд ва тантанаи адолату ҳақиқат бо муносибати поквиҷдононаи худ саҳми бештар мегузоред.
Иди касбӣ муборак!