ҶАРИМА БАРОИ ХУДСАРОНА ҒАСБ НАМУДАНИ ЗАМИН ВА СОХТМОН ДАР ОН

Дар маҷлиси судии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон муайян карда шудааст, ки судшаванда Бобоев О.М. аз моҳи феврали соли 2011 ҳамчун роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Мирзоазиз»-и н.Ёвон, ки таҳти идораи хоҷагии мазкур 5,0 га қитъаи замини корами обӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи н.Ёвон қарор дорад, фаъолият намуда, санаи 08.05.2020 сол тариқи нотариалӣ аз бародараш Бобоев С.М. як қисми бошишгоҳи саҳроӣ, ки майдони 1260 мм-ро ташкил дода, дар назди заминҳои хоҷагии деҳқониаш воқеъ гардидааст, ҳамчун ҳадя қабул намудааст.

Новобаста аз ҳолати дар ихтиёр доштани ин миқдор замину бино ва шароити хуби хоҷагидорӣ доштанаш, бархилофи талаботи моддаи 18 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар давоми моҳҳои март-майи соли 2020 бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарӣ майдони 0,05 га қитъаи замини ғайрикишоварзии дар шавати бошишгоҳи саҳроияш қарордоштаро, ки дар тарҳи №158-а харитаи заминистифодабарии хоҷагии иҷоравии ба номи Ф.Саидов-1 ҷойгир мебошад, худсарона ишғол намуда, дар ин замин бо таҳкурсии сангин деворҳои гилин дар масоҳати 81 мм барои нигоҳдории чорвои калони шохдори хоҷагӣ худсрона бинои алоҳида ва дигар иншоотҳои ёрирасонро сохта, болояшро бо тунука пӯшонида, мавриди истифодабарии худ қарор додааст.

Тибқи мактуби Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон аз 28.08.2020 сол, №258қитъаи замини мазкур ба заминҳои ғайрикишоварзӣ дохил шуда, дар асоси харитаи заминистифодабарии хоҷагии иҷоравии ба номи «Ф.Саидов» (ҳисоботи давлатии заминҳои соли 2001) Ҷамоати деҳоти Ситораи сурх дар қисми тарҳи 158-а ҷойгир буда, ба гуруҳи заминҳои ғайрикишоварзӣ мансуб мебошад.

Судшаванда Бобоев О.М. бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда новобаста аз татбиқи ҷазои маъмуриро содир намудааст.

Дар натиҷа дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Бобоев О.М. дар содир намудани ҷиноят бо қисми 2 моддаи 338 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 5800 (панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Абдуллозода Ҷ.А.
Раиси суди ноҳияи Ёвон