Ҷамъомади идона бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло оғоз намуда, сараввал ҳамаи иштирокчиён ва дар шахсияти онҳо тамоми кормандони ҳокимияти судӣ ва пайвандону наздикони онҳоро ба муносибати рӯзи ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Мавсуф дар идома изҳор намуд, ки ҷаҳони муосир бо шиддат ёфтани муносибатҳо ва задухӯрдҳо дар заминаи манфиатҳои тарафайн  дар равандҳои глобализатсионӣ дар инкишоф аст. Ин омил то андозае нигаронкунанда буда, бархӯрдҳои мушкилҳалшавандаи замони навин хусусияти таҳмилӣ ва таъсиррасониҳои мухталифро дар тафаккур ва фарҳанги бошандагон пинҳону ошкоро ворид гардида, ба ҳифзи истиқлол ва рушди   давлатҳо монеа ва хатарҳо эҷод менамояд. Дар ин замина бархӯрдҳои тамаддуние, ки онҳоро  мақсадмандон кашф ва эҳё намудаанд метавонанд ба ҳастии миллат ва фарҳангу тамаддуни миллӣ заминаи нестиро ба миён оранд. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷаҳони имрӯза наметавонад орӣ аз ин гуна таъсиротҳо бошад.

Хотираи талхи таърихи солҳои навадуми асри гузашта собитгари он аст, ки мо пиру барнои кишвар бори дигар рӯзҳои сангину фоҷеабор ва таҳмилии барои миллат ва халқи кишвар пеш омадаро бо ақли расо ва воқеияти том таҳлил намуда, аз он сабақ ва хулосагирӣ намоем. Мо набояд фаромӯш созем, ки маҳз солҳои навадум бо ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат тавонистем Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, кишвар ва миллатро аз нестӣ раҳо намоем.

Баъдтар дар заминаи корҳои наҷиби анҷомдодашуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи он солҳо ёдоварӣ намуда, иброз намуданд, ки: “Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон  дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии  истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем”. Ифоқаи сулҳи тоҷикон, ҳамчун  муҳимтарин тадбир ва таҷриба дар таърихи башарият мавриди омӯзиш ва  назарбинии умум қарор гирифтааст. Фоҷеаи мардуми ҳаммарзу ҳамзабони Афғонистон  сабақи талхи таърихи имрӯз аст.

Баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбари  давлат – фарзанди обруманд ва сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди бӯҳронӣ ва сиёсӣ боздоштшуда, барои инкишоф ва рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ ва мусоид фароҳам оварда шуд. Ин тадбирҳо дар кутоҳтарин, вақт оғози марҳилаи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеалогӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи бисёр муҳим пайдо намуда, риояи қонун ва фаъолият дар доираи Конститутсия муҳимтарин василаи инкишофи ҷамъият дар тамоми  равандҳо  гардид.

Дар замони чаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ва торафт мураккаб гардидани равандҳои сиёсию иҷтимоӣ моро зиракии сиёсӣ мебояд. Зеро таъсиррасониҳои мухталиф дар заминаи маблағгузориҳоии мақсадмандон бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет он қадар таъсиргузор ва қудратманд гардидааст, ки ҳар лаҳзаву дақиқа метавонад ба мафкура ва ҷаҳонбинии бошандагон таҳаввулот ва назари дигарро иҷборан ҷой намояд. Аз ин хотир моро зарурати ба ҳар даъвату пешниҳод ва таҳлили воқеоти  реалӣ бо назардошти манфиатҳои мафкураи миллӣ, беғаразона андеша намудан дар равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ асоси кору фаъолият маҳсуб ёфта, идомаи рафтори оқилонаро дар тамоми равандҳо бо масъулияти ҷиддӣ тақозо менамояд.

Кишвари азизи мо дар арафаи ҷашни бошукӯҳ ва арзишманди миллат 30-солагии  Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Тоҷикистон дар ибтидои истиқлоли  хеш давраи мураккаб ва сангинеро  паси сар намуд, ки  пешгӯии ҳаводис ва  ояндаи он бисёр мураккабу мушкил ва сарбастагиҳо дошт. Маҳз хирадмандии Роҳбари тозаинтихоби  давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он солҳои сангин ва давраи мураккаби таърихӣ, мушкилотҳо марҳила ба марҳила бартараф гардида, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  дар асоси қонунҳои умумибашарӣ инкишоф  намояд.

Аз ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ чӣ қадар мушкилотҳо бартараф гардида, чӣ қадар тадбир ва дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат роҳандозӣ гардида, бо андешидани тадбирҳои муфид ва саривақтӣ роҳҳои рушди  иҷтимоиву иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон амалҳои шоиста ва заминаҳои воқеии рушд ба миён омаданд.

Дар кӯтоҳтарин масири вақт мардуми сарбаланд ва шарафманди мо бо ҳидоят  ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи инкишоф ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ,  ваҳдату якпорчагӣ, ҳифзи марзу буми ниёгон, густариши сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон, тақвияти худшиносии миллӣ, бунёди корхонаҳои миллӣ, роҳу нақбҳо, солимии бошандагон,  рушди иқтисодиёт, маориф ва фарҳанг корҳоеро ба сомон расониданд, ки мислашро таърихи сарзамини  куҳанбунёд  ёд надорад.

Имрӯз собит гаштааст, ки пурарзиштарин дастоварди давлатдории тоҷикон дар асри бистум Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавассути пойдории он оламиён аз инкишофу рушди давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр ва низоми мустақили демократӣ, сиёсати одилонаи дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  ба пуррагӣ бархӯрдор гардиданд.

Дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдати воқеии миллат корҳои созандагиву  бунёдкорӣ, ислоҳоти амиқи  иқтисодиву иҷтимоӣ  бо маром идома  ёфта, таъмини амнияти воқеии барномаи озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ва аз бумбасти коммуникатсионӣ берун гаштани он, ҳамчун самти асосии сиёсати давлат пазируфта шуда, корҳои азим бо маром ва суръати воқеӣ идома дорад.

Мо аҳли кормандони ҳокимияти судӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо итминони комил иброз медорем, ки  мардуми шарафманди Тоҷикистон 30- солагии Истиқлоли давлатии Ватани азизро зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ҷашн гирифта, барои рушду нумӯ ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз софдилона ва аз рӯи виҷдон кору фаъолият менамоем.

 

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвон    Иброрҳимзода Шамсиддин ва судяи Суди ноҳияи Ёвон Садирзода Рустам вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлолият ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ бо маърӯза баромад намуданд.

Ҳамин тариқ дар фарҷоми чорабинии мазкур Ҷ.Абдуллозода бори дигар ҳозиринро ба муносибати рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, 13 — нафар кормандон ва кормандони собиқи дастгоҳи суди ноҳия ба муносибати ин ҷашни пуршукуҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.