Сухани табрикотии раиси суди н.Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. бахшида ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

     Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст.Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзизтӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

   Мардуми Тоҷикистон бо ша­рофати Истиқлол аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатро қабул намуданд. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлака­тро гузошт. Бори нахуст ҳокимияти судӣ баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эъ­тироф карда шуд, ки ин аз баланд рафтани мақоми судӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.

    Истиқлолият бо ҷонфидоии фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст ва он эҳтиёҷ ба суботу амният дорад. Су­боту амният бошад, бе риояи ҳимояи озодию ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, ки ба он судҳо му­аззаф шудаанд, ғайриимкон аст. Мувофиқи меъёрҳои Конститут­сия ва қонунҳои амалкунанда ва­зифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат мебошад. Конститутсия ва дигар санадҳои меъё­рию ҳуқуқӣ  ба суд чунин салоҳиятро додаанд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян со­зад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда воло­ияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд. Судя ба тақдири инсон сару кор дораду ин тақдир ба дараҷаи донишу малакаи ҳуқуқии ў вобаста аст.

     Боиси ифтихор аст, ки Ватани азизи мо дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида дар муҳокимаи бузургтарин проблемаҳои гло­балии ҷаҳон ширкат менамояд, масъалагузорӣ мекунад ва дар ҳалли бисёр масъалаҳо мавқеи устувори худро ҳифз мекунад. Таҷрибаи сулҳофаринии моро Созмонҳои бонуфузи олам дар ҳалли муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи сайёра истифода меку­нанд. Ҳануз 2500 сол муқаддам бу­зургони мо ба мисли Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон, Шоҳ Исмоили Сомонӣ нахустин тартиби идораи давлатиро тавас­сути вазоратхонаҳо ба роҳ мон­данд. Имрўз бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқи моро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид, ба бисёр дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ноил гардидем. Тўли 31 соли соҳибистиқлолӣ бо сохтани роҳ ва пулу нақбҳои бузург аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба­рои соҳиб шудан ба истиқлоли энергетикӣ камар бастем ва дар ин ҷода низ комёб гаштем. Ба истифода дода шудани НБО-и «Роғун» пешрафту  тараққиёти мамлакати моро боз ҳам  беҳтару  хубтар таъмин менамояд. Ҳоло бошад тавассути иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат амалӣ карда мешавад.

      Бо шарофати истиқлол ва та­лаби замон  бо раъйпур­сии умумихалқӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дохил гардиданд. Ба туфайли ин вази­фаи тадбиқи адолати судӣ танҳо ба зиммаи суд вогузор гардид. Бо шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои Истиқлол имрўз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор — роҳи тадбиқи корҳои азиму созанда қарор дорад.

    Хулоса, тавассути Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон сохибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхохони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикзабон аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

              31-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

             Ҷамолиддин Абдуллозода,

             раиси суди ноҳияи Ёвони ивлояти Халон