Вохӯрии судманд бо кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3/6 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва бо бошандагони муассиса
Санаи 06 майи соли 2026 дар бинои муассисаи ислоҳии ЯС 3/6 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳияи Ёвон ҷамъомад оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И., муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон мушовири адлияи дараҷаи 1 Қурбонзода И.М. ва сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3/6 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Абдуллоҳзода Б.Ф. иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. оғоз гардида, дар баромадаш изҳор дошт, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори давлат буда, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар ин Паём масоили калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. дар вохурии судманд, мазмун ва муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгирӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ. (м.200-2101 КҶ ҶТ), баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Суди ноҳияи Ёвон 