Кумак ба ятимону маъюбони ноҳияи Ёвон дар арафаи иди Саиди Қурбон

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ваинсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби кормандони Суди ноҳияи Ёвон  имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз аз тарафи кормандони Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  дар арафаи иди Саиди Қурбон ба  Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Ёвон ва хонаи пиронсолон ва маюбони ноҳияи Ёвон ташриф оварда ба онҳо кумакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, гушт ва дигар маводҳои зарурӣ ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуда, ба 142 нафар хонандагон дастархони идона ороста шуд.