МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАСОИЛИ НИЗОМИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН
Санаи 22 майи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи «Муаррифии натиҷаҳои таҳлили баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешбурди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқии ройгон» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар кори он судяҳо, намояндагони прокуратура, вазорати корҳои дохилӣ, иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд, Хазинаи кӯдакони Созмони Милалӣ Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар чорабнии мазбур директори маркази таълимии судяҳо муҳтарам Бобохонзода Асомуддин ва судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф натиҷаҳои таҳлили амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғонро муаррифӣ намуда, ҳамзамон, доир ба масъалаҳои такмили заминаҳои ҳуқуқии низоми ёрии ҳуқуқии ройгон ибрози ақида намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокдорон вобаста ба такмили санадҳои қонунгузорӣ дар самти ёрии ҳуқуқии ройгон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии механизми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва таҳкими дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор анҷом дода, пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии ТОҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 


