МУЛОҚОТ ҶИҲАТИ РУШД ВА РАҚАМИКУНОНИИ МУРОФИАИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ
Шоми 28 майи соли 2026 дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории коршиносони милӣ ва байналмилалӣ вобаста ба рушди мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар Тоҷикистон ва роҳандозӣ намудани равандҳои қабули санадҳои маъмурӣ дар шакли электронӣ, доир гардид.
Дар чорабинии мазкур судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф иштирок намуда қайд намуданд, ки ҳуқуқи маъмурӣ (омма) ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқи миллӣ дар таҳким ва устувории пояҳои дастгоҳи давлатӣ нақши асосӣ дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳои марбут ба идоракунии давлатиро танзим намуда, дар худ падидаҳо ва зерсоҳаҳои муайянро дар бар мегирад ва рушд додани ин соҳа мудом зарурат дорад. Рушди ҳуқуқи маъмурӣ ислоҳоти маъмуриро дар кишвар ба миён оварда ба амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, устувории ташкил ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, рушди хизмати давлатӣ, таъмини мукаммали қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ ва такмили мурофиаи маъмурӣ мусоидат менамояд.
Илова гардид, ки дар шароити муосир, махсусан идоракунии давлатӣ бо назардошти рақамикунони хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷорӣ гардидани Ҳукумати электронӣ ба роҳандозӣ намудани низоми иттилоотӣ вобаста ба содагардонии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ ва судҳои ҷумҳуиро тақозо менамояд.
Мақсади рақамикунонии мурофиаи расмиёти маъмурӣ аз риояи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи мушаххас ва ё барқарор намудани ҳуқуқ дар муносибат бо мақомоти маъмурӣ мутобиқ ба шароити муосир ба ҳисоб меравад.
Коршиносон вобаста ба идома додани ҳамкориҳо ва омузишӣ таҷрибаҳои дигар давлатҳо дар самти мазкур хулосаронӣ намуданд.
Суди ноҳияи Ёвон 


