ТРЕНИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ СУДЯҲО
Рӯзҳои 21-22 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе барои 60 нафар судяҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи “Татбиқи муқарроти санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар амалияи судӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ вобаста ба маъни табъиз, зӯроварӣ нисбати занон ва таъмини баробарии гендерӣ” тренинги омузишӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Комиссарияти Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сафаргул Бухоризода, коршиносони Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) ва Дафтари минтақавии Комиссарияти Олии СММ Сӯҳроб Шоев иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф зимни баромади хеш аҳамияти таъмини иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз, аз ҷумла зӯроварӣ аз рӯйи аломати ҷинс қайд намуд.
Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон бо меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин, роҳҳои муқовимат бо аломатҳои табъиз ва зӯроварӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур тавсияҳои ниҳодҳои СММ, такмилу тағйироти санадҳои қонунгузорӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо дар амалияи судӣ баррасӣ гардиданд.
Чорабии мазкур дар заминаи амалигардонии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 ва дигар Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Ташкил ва амалӣ гардондани тренинги мазкур ба судяҳо бо ҳадафи омузиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масълаҳои вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ иборат буда, зимни чорабинӣ судяҳо масъалаҳои татбиқи меъёрҳои Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҳангоми баамалбарории адолати судӣ ва қабул намудани санадҳои судӣ азхуд намуданд.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон
Суди ноҳияи Ёвон 


