ВОХӮРИИ КОРӢ ОИД БА ТАҲИЯ ВА ҶОРӢ НАМУДАНИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ МУРОФИАИ СУДӢ
Имрӯз, 5 майи соли 2026, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Суди Олӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, инчунин намояндаи барномасозӣ ҶДММ «БИТ» иштирок намуданд.
Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ- судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Ш., ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳ.Ҷ. ва намояндагони воҳидҳои сохтории марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳия ва роҳандозии низоми иттилоотии мурофиаи судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун афзалияти миллӣ дар ҷодаи дастёбӣ ба ҳадафи 16 Рушди Устувор маҳсуб ёфта, таҳкими рақамикунонии ҳокимияти судӣ бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба адолатӣ судӣ, ҳамчун самти афзалиятноки тақвияти иқтисоди рақамӣ ба шумор меравад.
Ғайр аз ин, илова гардид, ки такмил додани фаъолияти низоми судӣ тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои муосири электронӣ, ҳалли масъалаҳои механизми тақсимоти электронии парвандаҳо, муҷаҳҳаз кардани толорҳои судҳо бо системаи видео-конфронс ва дастгоҳҳои сабти овоз, инчунин фароҳам овардани имконияти тамошои маҷозии мурофиаҳои судӣ ва роҳандозӣ кардани низоми содаи электронии пешниҳоди даъво ва ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ба суд ва ғайраҳо тақозои замон буда, равандҳои судиро содда ва шаффоф гардонида ба рушди устувори соҳа дар оянда заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Иштирокдорон доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти судҳо бо мақсади баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии баррасии парвандаҳо, инчунин фароҳам овардани дастрасии бештари шаҳрвандон ба адолати судии мусоир мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи муштараки лоиҳаи мазкур таъкид намуданд.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



