Варзиш-гарави саломатист

Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардида, албатта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки  асоси онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ  ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад.




Бо мақсаду мароми тарғиби ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни кормандони мақомоти судӣ ва дигар мақомоту идораҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандон байни дастаи варзишгарони Суди ноҳияи Ёвон ва дигар идораҳои ноҳияи Ёвон мусобиқаи варзишӣ дар намуди футбол баргузор гардид.  Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа равнақ додани муттаҳидию дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни кормандони мақомоту идораҳо, рушду инкишоф ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, хусусан ҷалби кормандон ба варзиш ва беҳдошти саломатии онҳо маҳсуб меёбад.

Варзиш – кафили солимии миллат буда, имрўз тамоми навъҳои варзиш дар Тоҷикистон рушд намуда шароитҳои лозим барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам оварда шудааст.