ТАҶЛИЛИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 23 феврали соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнгирии 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. суханронӣ намуда, аҳли толорро ба муносибати иди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта қайд намуд, ки қувваҳои мусаллаҳ ва артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ буда, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа нақши калидӣ мебозад.
Ҳамзамон, доир ба нақши бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва пойдории қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида изҳор карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа директори Маркази таълимии судяҳо назди Суди Олӣ муҳтарам Завқизода С.А. ва сардори Раёсати ташкили кори судҳо муҳтарам Додозода А.М. баромад намуда, дар бораи нақши артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ва оромӣ ҷомеа инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сухан ронданд. Зикр гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқат ва ҷасорат амнияти кишварро ҳифз намуда, сазовори эҳтиром ва қадршиносии ҳамешагии ҷомеа мебошанд.
Ҷаласа дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 


