Машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб (28.11.2025 сол)


Санаи 28 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи ноябри соли 2025 баргузор гардид.
Дар машғулияти семинарии мазкур Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Ғиёсиддин Низом , муовини раиси Суди вилояти Хатлон Бобоҷони Шералӣ, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.



Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.
Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо ва коркарди сомонаҳои расмии судҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.






Манбаъ : Аз Сомонаи Суди вилояти Хатлон
Суди ноҳияи Ёвон 