МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН- КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТҲО ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН- КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТҲО ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

 АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛО

раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17.

Тел.: (+992) 933-24-36-36. Е-mail: Abdullozoda1985@gmail.com

 Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин падидаи махсуси иҷтимоӣ мебошад, ки сатҳи донишҳои ҳуқуқии шахсияти мушаххас ва ҷамъиятро муайян менамояд.Дар мақола мафҳум ва аломатҳои асосии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муайян карда шуда, вобаста ба нақши Конститутсия, санадаҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ ва ҳамзамон нақши ҳокимияти судӣ дар ташаккул, инкишоф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори назар карда шудааст.

Калидвожаҳо: маърифат, ҳуқуқ, ҷомеа, мафҳум, аломат, инкишоф, нақш, Конститутсия, ҳокимияти судӣ.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд.Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад.

         Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун тахайюлоти инсонӣ маҳфуми васеъро доро буда, маҷмӯи мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад. Дар он пеш аз ҳама, муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, равонии ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо дар мадди аввал меистад.Вобаста ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ байни олимон фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд буда, дар адабиётҳои илмӣ низ намудҳои гуногуни маънидодкунии мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ ба чашм мерасанд. Чунончӣ, М.Б. Смоленский чунин мешуморад, ки маърифати ҳуқуқӣ-ин шакли инкишофёбии муносиби инсонӣ ва воситаи муҳими таъмини ҳуқуқҳои инсон мебошад[1, с.73]. Аз ин хотир метавон чунин иброз намуд, ки фарҳанги ҳуқуқии шахсият маълумотнокии ҳуқуқиро дар бар гирифта, дар заминаи шуури ҳуқуқӣ, амалинамоӣ ва малакаи истифодабарии ҳуқуқ, инчунин риояву итоат ба нишондодҳои меъёрҳои ҳуқуқ, асоси ташаккулёбӣ ва инкишофи маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳад.

Олимони рус ба мисли В.И. Каменская ва А.Р. Ратинов, ки яке аз аввалинҳо шуда ин масоилро мавриди таҳқиқи илмии худ қарор додаанд, маърифати ҳуқуқиро ҳамчун низоми такмилдодашудаи элементҳое, ки ба доираи амали ҳуқуқ ва инъикоси бевоситаи онҳо дар шуур ва хислати инсон маънидод кардаанд[2, с.43]. Ба сифати аломатҳои мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ ин пеш аз ҳама: ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, ниҳодҳои даватӣ, ташкилотҳои амалигардонии ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқӣ муайян карда шудаанд. Аммо Н.М. Кейзерова баръакс бар он ақида ҳаст, ки аломатҳои мазкур барои муайян намудани моҳияти маърифати ҳуқуқӣ нокифоя буда, бар он бояд меъёрҳои баҳогузории сиёсии ҳуқуқ ва рафтори ҳуқуқӣ илова карда шаванд[3, с.108]. Дар равандҳои тараққиёти ҷомеа шахс дар муносибатҳои ҳуқуқӣ ворид гардида, онро дарк менамояд. Ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо медиҳад. Онро дар ҳаёти реалиаш истифода мебарад. Ба ин омил пеш аз ҳама, малака ва маҳорати сатҳи ҳуқуқдонӣ, дараҷаи аз худ намудани сатҳи дониш ва таҷрибаи андӯхташуда саҳмдор аст. Дар ин замина, фақат одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва низоми аслии муносибатҳои ҷомеаро дар асоси қонун ва қоидаҳои қабулгардидаи ҷомеа амалӣ намояд. Мусаллам аст, ки сатҳи кофии донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаҳои амалии шахс метавонад тамоми имкониятҳои механизми ҳимояи ҳуқуқҳоро дар ҷомеа танзим ва роҳандозӣ намояд.

Н.Я. Соколов чунин меҳисобад, ки маърифати ҳуқуқӣ метавонад ҳамчун “маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, боварӣ ба муносибатҳои шахсият, ки ҳангоми машғул шудан ба меҳнат, муошират, рафтор, ҳамчунин муносибат ба арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа ба амал оянд”[4, с.381-394]. Дар воқеъ дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ маҳз дар ҷомеа дар зиминаи муносибатҳо ба миён омада, бохабар будани инсон шурӯъ аз оддитарин муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии хеш, бегуфтугӯ, унсури муҳимтарини маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ӯ молик гардида ба донишҳои ҳуқуқӣ ҳамчун натиҷаи омӯзишӣ, дар ҳақиқат санҷидашуда ва дар амалия татбиқгардида, метавонад акси дурусти ҳақиқати объективиро дар шуури инсон таҷассум намояд. Маҳз ҳамин омил машъали феълии маърифати ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун муҳаррики аслии ба низомдарорандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур ин аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донем. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина, нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 аз пайи бунёд намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ гардида, дар ин асно дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи қавиро ҳамчун давлати ҷавон соҳиб гаштааст. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва дар соли 1994 қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳаёти ҳуқуқии кишвар низ дигаргуниҳои куллӣ ва тағйиротҳои чашмрас падид омаданд. Дар натиҷаи татбиқи бомароми ислоҳотҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳамқадами замон гардонидани мазмуну моҳияти қонунгузории амалкунанда дар низоми ҳуқуқии мамлакат низ таҳаввулот ба вуқуъ пайваст.

     Аз ҳама муҳим барои баҳодиҳии маърифати ҳуқуқӣ низоми қонунгузорӣ  асос маҳсуб ёфта, он ҳамчун ядро ба инкишофи фаъолияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектҳои ҳуқуқ заминагузор аст. Муссалам аст, ки мавриди инкишофи ҷомеа маҳз қонунҳо ба воситаи роҳандозӣ ва низоми мушаххасу муайян равандҳоро дар заминаи  муносибати ҳуқуқии бошандагон ва муносибатро дар ҷомеа ба низом медароранд. Аз ин хотир, маҳз дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир гардиданд, ки минбаъд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд[5, с.6]. Фарҳанги ҳуқуқи инсонӣ дар равандҳои ҷомеа инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин хотир, унсури дигари фарҳанги ҳуқуқии ҷомеъа сатҳи ташаккули тамоми низоми санадҳои ҳуқуқӣ, яъне матнҳои ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо ҳуқуқу вазифаҳои бошандагони ҷомеа ҳамаҷониба ва мушаххасан иброз гардидаанд. Мушкилотҳои ҷомеа дар аксари ҳолатҳо ислоҳотҳои татбиқшавандаро тақозо менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва минбаъд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун омили муҳими барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардид.

Бо шарофати қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои муосири рушди ҷомеа ва давлати тоҷикон муайян гардиданд. Дар ин асно дар ҷомеа, давлат ва ҳуқуқ, ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ низ табадуллот ба вуҷуд омад. Новобаста аз кушишҳои давлат ҷиҳати такмили қонунгузорӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳолати паст қарор дорад, ки сабаби асосиаш ин дарк накардан ва надонистани ҳуқуқҳои худ ҳамчун арзиши олӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, бевосита гуфтан ҷоиз аст, ки ташаккул ва инкишофи маърифати ҳуқуқӣ маҳз дар заминаи принсипҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба миён омадааст.

Нақши санадҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон назаррасанд.Дар ин замина фарҳанги ҳуқуқии инсон, ҳамчун қисмати таркибии маданияти маънавии инсон, аз як ҷониб ва аз тарафи дигар ҳамчун фарҳанги ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо категорияҳои ҳуқуқи инсон амалан дар фаъолиятанд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо санади муҳим дар ин ҷода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи он бо мақсади таъмини волоияти Қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар асоси Барномаи мазкур Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адлия ва маъмурини шуъбаҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил карда шуда, дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Қонуният» ва маҷаллаи «Ҳаёт ва Қонун» таъсис дода шуданд, ки ба зиммаи он нашри адабиёти ҳуқуқӣ, маҷмӯаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти меъёрию ҳуқуқӣ доранд ва ба манфиатҳои шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дахл доранд, вогузор гардидааст[6].

Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки бори аввал дар заминаи Қарори мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ китоби дарсӣ оид ба асосҳои «Давлат ва ҳуқуқ» таҳия карда шуда, дар мактабҳои миёна ва миёнаи махсус ҳангоми таҳсил ва ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

Иловатан бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯён аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Низомномаи баргузории Олимпиадаи ҳуқуқшиноси ҷавон таҳия шуда, минбаъд ҳар сол Олимпиадаи мазкур доир мегардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои назорати иҷрои корҳо дар самти баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мақомоти алоҳида ва ё Шурои дахлдор лозим мебошад. Аз ин лиҳоз, дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозии методии оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба телевизион ва радиошунавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ- асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

Аз ин хотир, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №253 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабул ва тасдиқ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ва  натиҷабахш ба анҷом расиданд.

Асоси сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 қабул ва тасдиқ гардида, ба сифати яке аз сиёсати ҳуқуқӣ соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардида, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфтаанд.

Мутобиқи Консепсияи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад дониста шудааст:

— ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

— таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-њуқуқӣ;

— ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

— таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзўр кардани назорати ҷамъиятӣ ва ғайраҳо.

Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.

Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали Барномаи қаблӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 Барномаи дарозмуддати таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст.

Мувофиқи Барномаи даҳсола барои ноил гардидан ба ҳадафҳо дар назди мақомотҳои дахлдор як қатор вазифаҳо гузошта шуда, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни амалӣ ва иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Нақши ҳокимияти судӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бағоят бузург буда, он дар маҷмӯъ ифодакунандаи мақсаду маром ва баровардаи ниёзҳои бошандагони ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои  2 ва 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, №1084 ба вазифиаи суд ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, дохил мешаванд. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд.

Ҷиҳати баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва бо мақсади ба амал баровардани адолати судӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷиситон аз соли 2007, барои солҳои 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва татбиқ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳои худ дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ санаи 21 ноябри соли 2019 баён доштанд, ки «Ҳоло Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030 таҳия ва барои қабул пешниҳод гардидааст, ки дар амалӣ намудани он мақомоти судӣ бояд фаъолона ширкат намояд. Бо роҳандозӣ кардани чунин корҳо мо метавонем бисёр шаҳрвандонро аз кирдорҳои бад ва дар натиҷа аз маҳбасу маҳрумият раҳоӣ бахшем»[7, с.9].

Ҳокимияти судӣ ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба зиммааш аз зумра вазифаҳо гузошта шудаанд, ки ин:

 — ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохўриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад;

— ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

— вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия) бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад;

— тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ;

— тақвият бахшидан ба барномаҳои телевизионии махсус дар мавзўҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ.

Аз маълумотҳои омории Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки судҳои ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2021 баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон як қатор корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла:

— аз парвандаҳои баррасишуда 19061 адади он дар мурофиаҳои саёри судӣ баррасӣ гардидаанд;

-вобаста бо парвандаҳои баррасишуда 797 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида шуда, ба мақомотҳои дахлдор 1263 пешниҳодҳо ирсол карда шудааст;

-баргузор намудани 11047 вохӯрию мулоқотҳои судманд байни сокинон, хонандагони муассисаҳои тахислоти миёна, миёнаи махсус, таҳсилоти олӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва фаъолон;

-3574 маротиба баромад намудан дар телевизион ва радио, ки аз ин 16 маротиба баргузор намудани мурофиаҳои судӣ дар барномаи телевизонии «Мурофиа»-и Телевизиони Тоҷикистон, 49 маротиба баромад намудан дар барномаи телевизионии «Додгоҳ»-и МД «Ҷаҳоннамо», 30 маротиба баромад намудан дар барномаи телевизионии «Ҳуқуқи Шумо»-и МД «Ҷаҳоннамо», 24 маротиба баромад намудан дар барономаи телевизионии «Инсон ва қонун»-и Телевизиони Тоҷикистон» ва 40 маротиба баромад намудан дар барномаи радиоии «Маърифати ҳуқуқӣ»-и Радиои «Ховар»;

-ба нашр расонидани 1379 мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ.

Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани шароит ба дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва татбиқи Ҳукумати электронӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» аз 25 июни соли 2021 сол, №1783 қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст, ки Қонуни мазкур дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон басо муҳим мебошад.

Гуфтаҳои  болоро хулоса намуда,  мавриди  таҳким  ва рушди маърифати ҳуқуқӣ метавон чанд нуктаи назарро иброз дошта бошем:

а) маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъиёти аслии равандҳои ҷомеа аз оила оғоз гардида, мавриди муносибатҳо ба воситаи индувид ва тамоми шаҳрвандон дар раванди аз худнамоии донишҳои ҳуқуқӣ мавриди инкишоф ва ҳаракат аст.

б) маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сохтори фарҳанги ҳуқуқи шахсият аз унсурҳои психологӣ (психологияи ҳуқуқӣ), унсури ғоявӣ (мафкураи ҳуқуқӣ) ва унсури рафторӣ (рафтори аҳамияти ҳуқуқӣ дошта) иборат аст. Дар равандҳои ҷомеа ба ҳисоб гирифтани ин унсурҳо аз аҳамият холӣ нест.

в) мақсади аслии таълими донишҳои ҳуқуқӣ дар заминаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ташаккулёбии фарҳанги умумии шаҳрвндон дар асоси дарки мазмун ва моҳияту муҳтавои ҳуқуқҳои инсон мебошад.

г) фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ  аз сатҳи инкишофи шуури бошандагони ҷомеа вобаста буда, дарк ва азхуднамоии тамоми қонун ва қоидаҳои ҷомеа дар асоси Конститутсия, маҳаки аслии инкишоф ва адлу адолат дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бо шиносои намудан ба мафҳум, мақсад ва аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ муайян мегардад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи  устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро сайқал диҳанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мушкилотҳои зиёде мавҷуданд, аммо танҳо бо кӯмак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат мо метавонем фарҳанги мӯътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро ташкил намоем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд мавқеи фаъоли шаҳрвандии худро амалӣ намояд ва давлат ба рушди маърифати ҳуқуқӣ мусоидат кунад.

Адабиёт:

1.Смоленский М.Б. Правовой менталитет — фактор формирования правовой культуры как основы гражданского общества//Известия высщых учебных заведений.Северокавказский регион. 2002. №1. С.73.

2.Каменская В.И., Ратинова А.Р. Правосознание как элемент правовой культуры// Правовая культура и правовое воспитание. М.1977 С.47

3.Кейзаров Н.М. Политическая и правовая культура. Методологические проблемы. М. 1983. С.108.

4.Соколов Н.Я. О понятие правовой культуры// LEX RUSSICA (Русский закон). 2004. №2. С. 381-394.

5.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2013 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 137 с.

6.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691; Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 тасдиқ карда шудааст; Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиситон дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз 22 августи соли 1997, №383// Махзани мутамаркази иттилоотї-ҳуқуқии ЧТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронї]. Манбаи дастраси: URL: http://www.adlia.tj (санаи мурољиат: 10.06.2022).

7.Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ санаи 21 ноябри соли 2019.-Душанбе: Шарқи озод, 2020.-31с.

ПРАВОВОЕ КУЛЬТУРА ГРАЖДАН-КЛЮЧ К УСПЕХУ В РАЗВИТИИ ОБЩЕСТВА

АБДУЛЛОЗОДА ДЖАМОЛИДДИН АБДУЛЛО

  председатель суда Яванского района Хатлонской области,

кандидат юридических наук

734025, Таджикистан, г.Душанбе, проспект Рудаки 17.

Тел: +933 24 36 36; E- mail:Abdullozoda1985@gmail.com

Правовое культура граждан-это особый социальный феномен, определяющий правовой уровень определенной личности и общества. В статье определены основные понятия и признаки правового культуры граждан и высказаны в зависимости от роли Конституции, других акт правовых норм, а также роли судебной власти в формировании, развитии и повышении правовой грамотности граждан.

Ключевые слова: образование, право, понятие, характер, развитие, роль, Конституция, судебная власть.

THE LEGAL CULTURE OF CITIZENS IS THE KEY TO SUCCESS IN THE DEVELOPMENT OF SOCIETY

 ABDULLOZODA JAMOLIDDIN ABDULLO

 Chairman of the Yovon district Court of Khatlon region,

Candidate of  legal Sciences

734025, Tajikistan, Dushanbe, 17, Rudaki Ave.,

Phone: +933 24 36 36; E-mail:Abdullozoda1985@gmail.com

Legal culture of citizens is a special social phenomenon that determines the legal level of a certain person and society. The article defines the basic concepts and features of the legal culture of citizens and expresses them depending on the role of the Constitution, other acts of legal norms, as well as the role of the judiciary in the formation, development and improvement of legal literacy of citizens.

Keywords: education, law, concept, character, development, role, Constitution, judiciary.