МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ — ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ОБОДОНИИ ШАҲРИ HOPAK

      

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо ташабус ва иштироки  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо иштироки муовинони Раиси Суди Оли, судяҳои Суди Оли, Раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон, суди вилояти Хатлон,  суди шаҳри Душанбе,  чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, дар шаҳри Норак маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар шоҳроҳи Душанбе-Норак дар майдони 3 га замин, зиёда аз  3000 бех дарахтони гуногун шинонида шуданд.