Иштироки раиси суд Абдуллозода Ҷ.А. дар Ҷашни бошукӯҳи Наврӯз

Бо мақсади таҷлил аз ҷашни бошукӯҳи миллӣ, ҷашни байналмилалии Наврӯз санаи 23 марти соли равон дар маркази ноҳия чорабини идона бо баргузории «Корвони Наврӯзӣ» бо риояи тамоми урфу одатҳои хоси ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
Дар қисмати расмии чорабини Наврӯзӣ сараввал Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии содирот, муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед суханронӣ карда, мардуми ноҳияро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош намуда, иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз маҳз бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллати мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ватани аслии Наврӯзро Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо гулчину таронаҳои Наврӯзӣ ва Корвони Наврӯзӣ бо намоиш додани рукнҳои хоси Наврӯз ва дастовардҳои аҳли заҳмат, кишоварзону саноатчиён, маорифу тандурустӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ баргузор карда шуд, ки аз ҷониби меҳмонон ва мардуми ноҳия хуш қабул карда шуд.