ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ ВИЖАИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нимаи дуюми рӯзи 31 марти соли ҷорӣ, намояндаи масъули Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аланазарзода Шароф дар нишасти вижаи намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ки мақсади ҳамоиши мазкур аз баррасии Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2027-2030 иборат мебошад, иштирок намуд.

WhatsApp Image 2026-03-31 at 19.57.36.jpeg

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар вохӯрӣ муҳтарам Аланазарзода Ш. бо таваҷҷӯҳ ба самтҳои афзалиятноки таъмини рушди ҳокимияти судӣ таклифу пешниҳодҳои ҷадидро манзур намуда, дар такмил додани Барномаи зикршуда ҷиҳати мукаммалгардонии он ба ҳадафҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ибрози ақида намуд.

Қайд гардид, ки волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун замина барои таъмини рушди иқтисодиии кишвар ва беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар давраи миёнамуҳлат идома додани ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии низом ва шаклҳои дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, таъмини дастрасии шахсони дорои маъюбият ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ инчунин, беҳтар намудани шаффофият дар фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи стратегӣ эътироф шуда, амалигардонии ин иқдомҳо дар доираи “Барномаи рушди ҳокимияти судӣ” муҳим арзёбӣ гардид.

WhatsApp Image 2026-03-31 at 19.57.53.jpeg

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Суди Олӣ, Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2027-2030 якҷо бо намояндагони ниҳодҳои дахлдор матраҳ ва такмил гардида, барои тасдиқи расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон