ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО. САЗОИ НАШЪАФУРӮШОН МАҲБАС АСТ!

Ҳар як падидаи иҷтимоӣ хоҳ нек ва хоҳ бад, заминаҳои пайдоиши худро дорад. Падидаҳои иҷтимоиро дар шакли хушбахтӣ ва бадбахтӣ баҳогузори менамоем. Хушбахтӣ ин қуллаи баландеро мемонад. Шахсе, ки ин қулларо фатҳ намуда метавонад, ки ба амалҳои нек машғул бошад. Дар муқобил ба  ин мутасифона боз инсонҳое ҳастанд, ки ба кору амалҳои хеш ба бадбахтӣ замина мегузоранд. Яке аз ин бадбахтиҳо нашъамандию нашъаҷаллобӣ мебошад.


Чанде қабл аз ҷониби Суди ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Илбонов Султоншо Султоназарович, 18 сентябри соли 1972 таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, қаблан ду маротиба суд шудааст,  сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарнисор, бинои-26, хонаи-14 дар содир намудани ҷиноят бо банди «а» қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ва Сулаймонов Баҳрилло Закиллоевич, 5 октябри соли 1979 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, қаблан суд шудааст,  сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнов, деҳаи Дарагӣ, дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои «а,в,д» қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшавандагон Илбонов Султоншо  ва Сулаймонов Баҳрилло моҳи феврали соли 2021 барои ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» ва бо ин роҳ ба даст овардани даромади муфт маслиҳати пешакӣ намудаанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ онҳо санаи 26 феврали соли 2021 бо ҳамдигар дар ноҳияи Ёвон вохӯрда, сипас судшаванда Илбонов Султоншо бо “Сафар” ном шахс дар ҳудуди ноҳияи Ёвон вохӯрда иброз намудааст, ки имконият дорад, бо мусоидати судшаванда Сулаймонов Баҳрилло аз ҳудуди шаҳри Душанбе маводи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро дастрас намояд ва якҷоя онро фурӯхта, фоида ба даст оваранд. “Сафар” ном шахс худи ҳамон рӯз барои ошкор кардани ҷиноят бо Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ҳамкорӣ намуда, дар ин бора бо аризаи хаттӣ муроҷиат намудааст. Санаи 1 марти соли 2021 судашванда Илбонов Султоншо бо “Сафар” ном шахс ва судшаванда Сулаймонов Баҳрилло оид ба дастрас намудани 50 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ба маблағи 1150 сомонӣ  маслиҳат намудаанд. Рӯзи 3 марти соли 2021 судшаванда Сулаймонов Баҳрилло бо “Сафар” ном шахс барои ба даст овардани 50 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ба шаҳри Душанбе раҳсипор гардида, дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшон бо судшаванда Илбонов Султоншо вохӯрда аз охирон маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ба миқдори 50 граммро ба маблағи 1150 сомонӣ харидорӣ намуда, бо автомашинаи кирояи мусофиркаш тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш  10 00 АQ 03 TJ ба ноҳияи Ёвон вилояти Хатлон сафар намудаанд. Бо гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи БДА ноҳияи Ёвон дастгир карда шуда, аз ӯ маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, ки дар 10 адад куттичаҳои гугирд ҷойгир шуда буданд дарёфт ва бо тартиб додани ҳуҷҷати мурофиавӣ гирифта шудааст. Сипас рӯзи 4 марти соли 2021 шарики дигари ӯ судшаванда Илбонов Султоншо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир гардидааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-кимёвии ШТ ЭК РВКД дар вилояти Хатлон таҳти №84 аз 29 марти соли 2021 воситаи нашъадори аз судшаванда Сулаймонов Баҳрилло ёфта гирифташуда ба навъи “ҳашиш” мансуб буда, вазни умумии он 49,2 граммро ташкил менамояд.

Дар натиҷа бо ҳукми суд судшаванда нисбати Илбонов Султоншо Султоназарович бо банди “а” қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт ва нисбати Сулаймонов Баҳрилло Закиллоевич бо бандҳои “а,в,д” қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

Ҳукуматзода Муҳаммад

муовини раиси суди ноҳияи Ёвон