ГУЗАРОНИДАНИ ТРЕНИНГ БАРОИ ШАХСОНИ ТАМОСИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Аз 3 то 5 майи соли 2026 дар истироҳатгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб дар доираи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (2022–2026) ва Стратегияи миллӣ то соли 2038 тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Аз Суди Олӣ Холиқзода Ф., мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии шахсони тамоси мақомоти давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил карда шуд. Дар тренинг намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WhatsApp Image 2026-05-04 at 09.28.59.jpeg

Барномаи тренинг аз қисматҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар он таҳлили Нақшаи амал барои солҳои 2023–2025, баррасии лоиҳаи Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028 ва ҳамчунин Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 пешбинӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён доир ба роҳҳои такмили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуданд.

WhatsApp Image 2026-05-04 at 09.28.54.jpeg

Инчунин, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки таҷрибаи пешқадамро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт ироа намоянд.

Баргузории чунин тренингҳо ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва рушди низоми ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар мусоидат менамояд.

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон