ЧЕҲРАИ МОНДАГОР- АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

Абӯалӣ ибни Сино — мутафаккири абадзинда

        (22 августи 980 — 22 июни 1037)

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке   аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад.

Осори боқимондаи ӯ бештар аз 250 асарро фаро мегирад, ки дар байни онҳо «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ҳикмат-ал-Машриқия», «Китоб-ул-инсоф», «Донишнома», «Мабдаъ ва маод», «Мубоҳасот», «Ишорот ва танбеҳот» аҳамияти бузурги илмӣ ва фалсафӣ доранд. Ӯ дар осораш низоми мукаммали маърифати ҷаҳоншиносиро ба вуҷуд овард, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои илми он замона — фалсафа, табииёт, риёзиёт, тиб, мантиқ ва илоҳиёт мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».

Иқтибос аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон