Боздиди судяҳо ва кормандони суд аз Осорхонаи кишваршиносии н.Ёвон

Осорхона таърихи зиндаи ҳар як халқу миллат аст. Дар осорхона таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одат ҳифз карда мешавад. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ аст ва аз ин рӯ, на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар ҳар як шаҳру новоҳии он осорхонаи таърихие вуҷуд дорад.  


Бо мақсади сифатан беҳтар намудани амалигардонии фаъолият оид ба соҳаи фарҳанг дар сиёсати иҷтимоии давлат, судяҳо ва кормандони суди ноҳияи Ёвон аз Осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ёвон дидан карданд. Ҳангоми боздид муайян карда шуд, ки Осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ёвон соли 1993 таъсис ёфта, дар он зиёда аз 172 адад ашё ва экспанатҳои нодири таърихӣ ва гӯшаҳои гуногуне, ки аз таърих ва ҳаёти шахсони машҳур дарак медиҳанд, мавҷуданд, ки гувоҳ аз таърихи қадимаи тоҷикон аст. Нигораҳои мазкур дар донистани осори ниёгон кӯмаки худро мерасонанд.