Боздиди судяҳо ва кормандони суд аз китобхонаҳои н.Ёвон

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.



Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки да рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон,устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад.Хушбахтона санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз дар кишвари азизи мо мавқеи махсусеро доро мебошад:

Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст.Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Оре, китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, хеҷ вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ мегардонад.

Бо мақсади сифатан беҳтар намудани амалигардонии фаъолият оид ба соҳаи фарҳанг дар сиёсати иҷтимоии давлат, судяҳо ва кормандони суди ноҳияи Ёвон аз китобхонаҳои ноҳияи Ёвон дидан карданд. Ҳангоми боздид муайян гашт, ки дар ноҳия барои хизматрасонии китобӣ ба аҳолӣ се китобхона аз ҷумла, китобхонаи марказӣ бо хазинаи 28685 адад нусхаи китоб, китобхонаи бачагона бо хазинаи 21022 адад нусхаи китоб, китобхонаи навъи шаҳрӣ бо хазинаи 6359 адад нусхаи китоб ва 25 филиалҳои китобхонаи деҳотӣ бо хазинаи 95053 адад китоб фаъолият менамудааст.Хазинаи умумии китобонаи системаи марказонидашудаи ноҳия 151119 адад нусхаи китобро дарбар мегирад, ки аз он: адабиётҳо бо забони тоҷикиӣ 47542 нусха, адабиётҳо бо забони русӣ 92068 нусха ва адабиётҳо бо забонҳои дигар 11509 нусхаро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани дониш ва бедор кардани завқи китобхонӣ, ҳамаи судяҳо ва кормандони суд аъзои китобхонаи марказии ноҳия гардида, минбаъд тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро бо китобхона зич ба роҳ монда, ба мутолиаи китобҳо бисёртар машғул шаванд.