Баргузории вохӯриии судманд бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарони хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-и ноҳияи Ёвон
Санаи 09 феврали соли 2026 дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-и ноҳияи Ёвон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳияи Ёвон ва супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ҷамъомад оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И., муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М., судяи суди ноҳияи Ёвон Шарифзода Х.Ш., ёрдамчии прокуратураи ноҳияи Ёвон Саидикромзода М.С., ёрдамчии раиси суди ноҳия Ҳокимзода М.Қ., пристави суди ноҳияи Ёвон Ёрзода М.Ф. ва котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ёвон Қурбонзода Қ. бо роҳбарияти муассиса, нозирони минтақавии ШВКД дар н.Ёвон, хонандагон, омӯзгорон, падару модарони хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. оғоз гардида, сипас судяи суди ноҳияи Ёвон Шарифзода Х.Ш. ва ёрдамчии прокуратураи ноҳияи Ёвон Саидикромзода М.С. дар баромадаш изҳор дошт, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори давлат буда, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар ин Паём масоили калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.



Инчунин, Раиси суди ноҳияи Ёвон Камолзода С.И. дар вохурии судманд, мазмун ва муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон ва сабабҳои бекоршавии он, вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ тибқи талаботи КО ҶТ, ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо аз ҷумла, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо м.931 КҲМ ҶТ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгирӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ. (м.200-2101 КҶ ҶТ), вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (м.90 КҲМ ҶТ), риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ), таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашн гирифтани 35-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Суди ноҳияи Ёвон 