Баргузории машғулияти семинарӣ дар ш.Бохтар

Санаи 15 декабри соли 2023 дар Кохи фарҳанги ш.Бохтар машғулияти   семинарии судяҳои вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода П.С. баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба мавзӯҳои муайяншуда аз қонунгузории ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар машғулияти мазкур аз ҷониби раисони коллегияҳои судии суди вилояти Хатлон сабабу шароитҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои аз ҷониби судҳои поёнӣ қабулгардида дар моҳи декбари соли ҷорӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Дар идомаи машғулият муовини раиси суди вилояти Хатлон Наимзода П.С. ҳамаи судяҳоро барои риояи қатъии интизоми меҳнат, сари вақт ва дар доираи талаботи қонун баррасӣ намудани парвандаҳо, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва худдорӣ намудан аз омилҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ҳидоят намуда, ба раисони суд ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд супоридани ҳисобҳои омории соли 2023 дастур доданд.

Бо ҳамин машғулияти семинарии судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2023 ба итмом расид.