АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ШАҲРИ ҲИСОР

Санаи 6 майи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз фаъолияти суди шаҳри Ҳисор аз наздик шинос шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба таҳкими ҳокимияти судӣ, инчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди шаҳри Ҳисор корҳои таъмири асосӣ анҷом дода шуда, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳи судӣ пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Муҳайё намудани шароити мусоид ва заминаҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба адолати судӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, омили калидӣ дар таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад.

IMG_20260507_005547_742.jpg IMG_20260507_005555_333.jpg IMG_20260507_005554_807.jpg

IMG_20260507_005555_305.jpg IMG_20260507_005554_505.jpg

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон