ВОХӮРИИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ БО КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 1 майи 2026 дар шаҳри Бохтар вохӯрии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. бо кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти дастгоҳҳои судҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, риояи интизоми хизматӣ ва таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Суди Олӣ дар баромади худ таъкид намуд, ки фаъолияти самараноки дастгоҳи судҳо омили муҳими таъмини адолати судӣ буда, ҳар як корманд бояд ба иҷрои вазифаҳои худ бо масъулияти баланд муносибат намояд. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, одоби муоширати хизматӣ ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ махсус таъкид гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба кормандон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва тақвияти назорати дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



