БАРРАСИИ САБАБҲОИ ТАҒЙИРЁБӢ ВА БЕКОРШАВИИ САНАДҲОИ СУДӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 1 майи соли 2026, дар шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ва раисон, муовинон ва судяҳои судҳои вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-05-01 at 13.28.15.jpeg

 

Дар ҷаласа масъалаи муҳими таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Зимни баррасӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба омилҳое равона гардид, ки ба паст гардидани устувории санадҳои судӣ таъсир мерасонанд, аз ҷумла риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, нокифоя будани таҳқиқи ҳолатҳои воқеии парвандаҳо ва камбудиҳо дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ.

WhatsApp Image 2026-05-01 at 13.28.16 (4).jpeg WhatsApp Image 2026-05-01 at 13.28.15 (1).jpeg

 

Раиси Суди Олӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, таҳкими донишҳои касбӣ ва масъулияти судяҳо дар қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳар як санади судӣ бояд ҳамчун намунаи адолат ва волоияти қонун хизмат намояд.

WhatsApp Image 2026-05-01 at 13.28.16 (3).jpeg

 

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии такрори онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд.

WhatsApp Image 2026-05-01 at 13.23.44.jpeg

 

Дар фарҷоми ҷаласа ба судяҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо, таъмини якхела татбиқ намудани қонунгузорӣ ва таҳкими интизоми хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон