Ифтитоҳи бинои маҷлисгоҳ ва меҳмонхонаи суди ноҳияи Ёвон
4 апрели соли 2026 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ва Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин маросими ифтитоҳи бинои нави иловагӣ барои суди ноҳияи Ёвон баргузор гардид.

Бинои мазкур дорои толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва 4 ҳуҷраи меҳмонхона буда, бо тамоми шароити зарурии муосир таъмин гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи ҳамин иқдом корҳои таъмиру азнавсозии бинои суди ноҳияи Ёвон низ пурра ба анҷом расонида шуданд.

Иншооти зикршуда бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ сохтаву таъмир гардида, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Суди ноҳияи Ёвон 


