САҲМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Имрӯз, 31 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар вобаста ба баррасии раванди татбиқи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ шудааст, доир гардид.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар ҳокимияти судии кишварро намояндагони Суди Олӣ Аланазарзода Шароф, Бобозода Матин ва Тешабева Мавлуда муаррифӣ намуданд.
Зимни ироаи баромади хеш муҳтарам Аланазарзода Ш. қайд намуд, ки Суди Олӣ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва бандҳои дахлдори Нақшаи амали солҳои 2023-2025 тадбирҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.
Муаррифӣ карда шуд, ки тибқи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 амалигардонии стратегия, Суди Олӣ ҳамчун иҷрокунандаи асосӣ барои иҷрои 14 банд муваззаф шудааст, ки аз ҷамъи 142 банди нақша 10%-ро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, намояндагони Суди Олӣ дар амалигардонии дигар бандҳо ба сифати ҳамиҷрокунанда фаъолона ширкат намудаанд.
Қайд гардид, ки Суди Олӣ иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи амалро таъмин намуда, дар ин давра шаш адад қарорҳои Пленуми Суди Олиро, ки бевосита ба ҳифзи ҳуқуқи инсон рабт дорад, қабул намудааст.
Боиси қайди хос аст, ки аз ҷониби Суди Олӣ қабул гардидани қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд” ва “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо оид ба ҷуброни зиён ва товони зарари маънавии дар натиҷаи ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат, ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонидашуда ба миён меоянд” бо мақсади таъмини таҷрибаи мутавозӣ ҷиҳати татбиқи дурусти санадҳои қонунгузорӣ ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои судӣ равона гардидаанд.
Зикр гардид, дар миқёси давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёси Марказӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда қарорҳои зикршударо қабул намудааст.
Ғайр аз ин, намояндагони Суди Олӣ ба лоиҳаи Нақшаи навбатии амали солҳои 2026-2028 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, дар қисмати ба рушди ҳокимияти судӣ дахлдошта таклифу пешниҳодҳоро манзур намуданд.
Стратегияи миллии мазкур ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳоро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 


