Кумак ба ятимону маъюбони ноҳияи Ёвон дар арафаи иди фитр
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Суди ноҳияи Ёвон ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз аз тарафи роҳбарияти Суди ноҳияи Ёвон ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия дар арафаи иди Саиди фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Ёвон ва хонаи пиронсолон ва маюбони ноҳияи Ёвон ташриф оварда ба онҳо кумакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, гушт ва дигар маводҳои зарурӣ ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуданд.


Суди ноҳияи Ёвон 