СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ КАСБИИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲ
Рӯзи 13 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, дар толори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид.
Дар кори он масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва роҳҳои таъмини татбиқи дурусту мутавозии санадҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омузиш қарор гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии кормандони ҳокимияти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



