САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “МУРОФИА”
Санаи 11 марти соли 2026 дар толори маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти барномаи телевизионии “Мурофиа” роҳандозӣ гардид.
Барномаи телевизионии мазкур доир ба мавзуҳои “Дар суди марҳилаи якум баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр) таҳти раискунанда Маҳмадхонзода З.М. суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва доир ба ин гуна парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баррасии парвандаи ҷиноятӣ таҳти раискунанда Мустафозода Ш. муовини раиси суди шаҳри Душанбе сурат гирифтанд.
Инчунин, оид ба баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак) аз ҷониби раискунанда Босхонзода С.Б. судяи суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ баргузор карда шуд.
Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, судяҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет ба маълумоти аҳолии кишвар доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ахборот дода, маводи ҳуқуқӣ нашр мекунанд.
Барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро метавонед дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube тамошо намоед.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 






