МУАРРИФИИ ТАШАББУСҲОИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ NERPS 2026 ДАР ТОКИО
Аз 4 то 7 марти соли 2026 дар шаҳри Токиои Ҷопон, дар доираи фаъолияти Университети Созмони Милали Муттаҳид, конференсияи байналмилалии NERPS 2026 баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ-амалӣ коршиносон, муҳаққиқон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон масъалаҳои мубрами сиёсати ҷамъиятӣ ва роҳҳои муосири мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллиро баррасӣ намуданд.
Дар кори конференсия намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳром Амонзода ва Хусрав Раҷабзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар доираи барномаи таҳсилотии JDS Program (Japanese Grant Aid for Human Resource Development Scholarship) ҳамчун барандагони стипендияи мазкур Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Дар ҷараёни баромад ташаббусҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо савдои одамон муаррифӣ гардида, чораҳои андешидаи давлат дар самти такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни ин ҷиноят шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо савдои одамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар самти такмили механизмҳои миллӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон қадамҳои муҳим гузошта, ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд пайваста густариш медиҳад.
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аҳамияти муҳим дорад.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



