ШИНОСОИИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ БО ФАЪОЛИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Санаи 14 январи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, ҷиҳати таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ, ба суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Раиси Суди Олӣ бо шароити моддиву техникии суд, тартиби ташкили фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин бо раванди баррасии парвандаҳо аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти судҳо бояд ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолат ва волоияти қонун равона карда шавад.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



