ВОХӮРӢ БО СУДЯҲОИ НАВТАЪИНШУДА ДАР СУДИ ОЛӢ

ВОХӮРӢ БО СУДЯҲОИ НАВТАЪИНШУДА ДАР СУДИ ОЛӢ 

    Санаи  12 январи соли 2026, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. пас аз ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисон, муовинон ва судяҳои навтаъиншуда суҳбат намуд.

20260112_113558(0).jpg

Зимни қабули мазкур Раиси Суди Олӣ вобаста ба баланд бардоштани масъулияти касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани адолати судӣ ва таҳкими волоияти қонун изҳори назар намуд.

20260112_113152.jpg IMG_2296.JPG

Таъкид гардид, ки судяҳо бояд дар фаъолияти худ мустақилият, беғаразӣ ва садоқат ба савганди судягиро роҳнамои асосӣ қарор диҳанд.

Дар фарҷом ба раисон, муовинон ва судяҳои навтаъиншуда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно карда шуд.

20260112_113321.jpg 20260112_113355.jpg

Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон