Ҷамомад тантанавӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”
Бо ташаббуси Раиси Суди шаҳри Душанбе Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилт ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Шарҳу тавзеҳи Паём аз ҷониби баромадкунандагон ҳама мавзуҳоро фаро гирифта, роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе аз судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо даъват ба амал овард, ки ҳам дар шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар фаъол бошанд ва ҳам дар иҷрои мақсадҳои аз Паём бармеомада саҳми босазои худро гузоранд.
Зикр гардид, ки Паёми Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқи барои фаъолияти мақомоти судӣ самтҳои афзалиятноки таҳкими қонуният, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро муайян менамояд.
Инчунин дар чорабини иштирокдорон суханронӣ намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ, аз байн бурдани бетарафӣ дар ҷомеа суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи роҳбарияти суди шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба иштироккунандагон муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло бо сипосномаи суди шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.


Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 